Дар 18 хонаи нав барои сокинони осебдидаи Хуросон дару тирезаҳо насб карда шуданд.
Чоп шуд: 02/07/2020 | redaktorБино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар 18 хонаи нав барои осебдидагони сели ноҳияи Хуросон дару тирезаҳо насб карда шуданд. Андоваи як хона пурра ба анҷом расида, дар як хонаи дигар ин кор дар садади анҷомёбист.