Садҳо фили мурда дар Бодствано. Давлат фарзияи шикори ғайриқонуниро рад кард

Тайи ду моҳи ахир дар Бодствано садҳо фил ба ҳалокат расиданд ва марги ин миқдор фил муҷиби даҳҳо гумону тахмин шудааст. Касе иллати аслии марги ҳайвонотро намедонад. Давлати Бодствано гуфтааст, ки танҳо баъди дарёфти натиҷаи тестҳо метавон иллати аслии ин маргумирро расман эълон кард. Ҳоло озмоишгоҳҳои ин кишвар саргарми омӯзиши тестҳоанд.  Бодствано кишваре мебошад, ки дар он аз се як ҳиссаи ҷамъияти рӯ ба коҳиши филҳои африқоӣ ҳаёт ба сар мебаранд. Докор Маккон аз муассисаи хайрияи “Наҷоти парки миллӣ” дар Британия дар суҳбате бо ВВС гуфтааст, ки фаъолони маҳаллии ҳифозат аз муҳити зист аввали моҳи май баъд аз парвозе бар фарози минтақа давлатро аз мавзӯъ огоҳ карданд.

Ӯ гуфт: “Онҳо дар як парвози сесоата 196 лошаи фил кашф кардаанд. Дидану шумориши  ин ҳама ҷасад дар як парвози сесоата ҷолиб аст. Таҳқиқоти бештар, ки як моҳ баъд анҷом шуд, ба кашфи лошаҳои хеле бештаре анҷомид, ки шумори кулли онҳо ба 350 мерасид.

Бино ба гузориши веб сайти Phys.org дар моҳи май давлати Бодствано эҳтимоли кушта шудани филҳо дар шикори ғайриқонуниро рад кард ва ишора намуд, ки оҷи онҳо бурида нашудааст. Ба илова нишонаҳои дигаре ҳаст, ки ба чизе ғайр аз шикори ғайриқонунӣ дар марги филҳо ишора дорад.

Доктор Маккон гуфтааст, ки дар ин минтақа танҳо филҳо мемиранд, на ягон ҳайвони дигаре. Агар шикорчиёни ғайриқонунӣ аз синонид (номи осид – кислота) истифода карда бошанд, бояд ҳайвоноти дигар ҳам кушта мешуданд.

Соле пеш дар ин кишвар беш аз 100 фили африқоӣ бар асари мубталоӣ ба сиёҳзахм ба ҳалокат расида буданд. Аммо ҳоло донишмандон мегӯянд сироят ба сиёҳзахм ин бор дур аз эҳтимол аст ва гумон меравад, ки ин филҳо бар асари сироят ба коронавирус SARS-CoV-2 мурдаанд.

Ташхисҳо ва таҳлилҳо идома доранд.

ШАРҲИ КУТОҲ: Бодствано, ки номи расмии он Ҷумҳурии Бодствано мебошад, кишварест дар ҷануби қораи Африқо. Ин кишвар аз замони истиқлолаш баъд аз 30 сентябри соли 1966 интихоботҳои озод ва одилонаеро барпо кардааст. Он ду миллион аҳолӣ дорад, забони расмии он инглисӣ мебошад. Забони тсвонӣ низ мавриди истифода қарор дорад. 71,6 дарсади мардумонаш пайравони оини масеҳианд. Тибқи оморгирии соли 2001 дар он 5 ҳазор нафар пайравони ислом мебошанд.

Ин кишвар роҳе ба обҳои озод надорад. Бо давлатҳои Африқои Ҷанубӣ, Замбия ва Намибия ҳаммарз аст. 70 дарсади қаламрави онро биёбони Калахари ташкил медиҳад. Габороне пойтахти он мебошад.

 

БОЗ ДАР ИН БОРА: