Activities calendar

20 июли 2020

Таблиғоти зиддивирусӣ дар Турсунзода. Кормандони Кумита ба сокинон ниқобҳо ва антисептикҳо тақсим карданд

Бо мақсади пешгирӣ аз густариши коронавирус КОВИД-19 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар корҳои зиёди таблиғотӣ роҳандозӣ мекунанд.

Аз ҷумла, кормандони Шуъбаи Кумита дар шаҳри Турсунзода ҳамроҳ бо намояндагони Раёсати рушди иҷтимоӣ ва робита...

Наҷоти як нафар аз зери девори бетонӣ дар нимишабӣ

Нимишабӣ, соати 02:11 дақиқа ба Қисми навбатдории Кумита хабар расид, ки як девори бетонӣ дар наздикии корхонаи тавлиди нӯшобаи “Кока-кола” чаппа шуда ва ду нафарр дар зери он мондаанд. Барои роҳандозии корҳои наҷот ба ҷойи ҳодиса имдодгарон аз Раёсати Душанбе сафарбар шуданд. То омадани наҷотдиҳандагон яке аз онҳо худро раҳо карда буд. Дастаи наҷот бо истифода аз таҷҳизоти махсус...

Марги ду нафар ва наҷоти як нафар дар обҳои кишвар. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: ЭҲТИЁТ КУНЕД!!!

Ҳар рӯз шунидани марги як-ду нафар бар асари риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ нигаронкунанда аст. Субҳи рӯзи душанбе ҳам дар ҷамъи хабарҳои Қисми навбатдорӣ аз марги ду сокини баркамоли кишвар ва наҷоти яки дигар, ки ӯ низ дар синни камолоти ҷавонист, иттилоъ ёфтем. Таҳлилҳо ҳамеша як воқеиятро рушан мекунанд: Ин афрод ё шиноварӣ наметавонанду худро ба об мезананд ва боз...