Таблиғоти зиддивирусӣ дар Турсунзода. Кормандони Кумита ба сокинон ниқобҳо ва антисептикҳо тақсим карданд

Бо мақсади пешгирӣ аз густариши коронавирус КОВИД-19 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар корҳои зиёди таблиғотӣ роҳандозӣ мекунанд.

Аз ҷумла, кормандони Шуъбаи Кумита дар шаҳри Турсунзода ҳамроҳ бо намояндагони Раёсати рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа миёни аҳолии минтақаҳои мухталифи шаҳр як силсила корҳои таблиғотӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбатҳо бо мардум ба онҳо маводҳои антисептикӣ ва ниқобҳои яккарата тақсим намуданд.

Барои огоҳии бештари аҳолӣ аз махсусиятҳои вируси корона ба онҳо варақаву китобчаҳо низ тақсим карда шуд. 

барчасп: