Пажӯҳиш: Саранҷом, исбот шуд, ки ҳайвонҳо метавонанд заминларзаро пешбинӣ кунанд
Чоп шуд: 09/07/2020 | adminДар диди аввал ин чандон назари тоза нест. Аз қаблҳо ҳам дар ин бора мегуфтанд. Яъне маълум буд, ки баъзе намуди ҳайвонот метавонад заминларзаро қабл аз вуқуъ ҳисс кунад. Вале то кунун далели боварибахши илмӣ дар ин бора вуҷуд надошт. Мушоҳидаҳо илман асоснок нашуда буданд ва дақиқан маълум набуд, ки гунаҳои мухталифи ҳайвонот ҳангоми таҳаввули ногаҳонӣ чӣ аксуламале аз худ нишон медиҳанд.