Як сокини 25-солаи шаҳри Душанбе, ки аз баландии 5-6 метр худро ба оби дарёи Душанбе андохта буд, бар асари ба санги зери об бархӯрдани сараш ба ҳалокат расидааст. Ин ҳодиса баъд аз зӯҳри рӯзи чоршанбе, 8-уми июли соли равон дар ҳудуди ноҳияи Сино, дар наздикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рух додааст.
Чун хабар ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе расид, дастаи ғаввосон ба маҳалли ҳодиса сафарбар шуданд. Ҷустуҷӯ то фаро расидани торикӣ идома дошт, баъди соати 20:00 дигар кофтуков имкон надошт ва субҳи имрӯз наҷотдиҳандагони Раёсат корҳои ҷустуҷӯиро аз сар гирифтанд.
Ҷузъиёти ҳодиса нашр мешавад.
Об василаи хубест барои тансиҳатӣ. Оббозиву шиноварӣ ҳамеша ва дар ҳар давру замон барои рушди ҷисмонӣ истифода мешуду мешавад. Даҳҳо намуди варзиш дар об дорем, ки одамон саргарми онанд. Аммо мутаассисона, баъзан ҳатто истироҳату фароғат ҳам дар соҳили обҳои хурӯшон сабабгори фоҷеа мешавад. Одамон аз беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ худро ба об меандозанд ва ғарқ мешаванд.
Ҳамеша мегуфтем ва имрӯз ҳам такрор мекунем, ки як сабаби фоҷеа ҷаҳиш аз баландиҳоест, ки он маконҳо барои оббозиву шиноварӣ пешбинӣ нашудаанд. Бояд қабл аз тасмими ҷаҳиш ба об донист, ки дар қаъри он метавонад ҳар гуна сангу ҷисмҳои сахти дигар бошанд. Мо инро дар мисоли боло дидем ва агар ин ҷавонмард ба ин қоида таваҷҷӯҳ мекард, шояд ба марг рӯ ба рӯ намешуд ва ҷон аз даст додаву пайвандонашро мотамзада намекард.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар бо эҳтиром аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ҷиддан қоидаҳои маъмулии оббозиву шиновариро донанд ва дар маҳалҳое, ки барои оббозӣ ҷудо нашудаанд, ҷони худро дар хатар наандозанд.
ХАБАРҲОИ ҲАМСОН
-
Ғарқи об шудани як марди 63-сола, харобкории борону жола ва шамол
-
Ду ғарқшудаи фавтида. Чаро мо ин қадар беэҳтиёт шудаем?
-
Қасди худкушии як зан дар Душанбе. Ноболиғи ғарқшуда дар Норак ва муштзании фоҷеабори ду ҷавон дар Душанбе
-
Муноқишаи марговар. Ҷасади ҷавони ғарқшуда дар канали НОБ-и Варзоб пайдо шуд
-
Ҷасади як ноболиғи дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ ғарқшуда дар ноҳияи Шаҳритус пайдо шуд