Сарбозон сержант мешаванд, то дигаронро омӯзанд
Чоп шуд: 17/07/2020 | redaktorДар маркази таълимии қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади омӯзишӣ-методӣ оид ба омодасозӣ ба давраи нави омӯзишии ҳайати сержантҳо аз ҳисоби сарбозоне, ки ҳоло дар хизматанд, оғоз шуд. Хизматчиёни ҳарбӣ омодагии умумиҳарбиро бо унсурҳои тайёрии махсус дар пойгоҳи маркази омӯзишӣ меомӯзанд.