Созмони Милали Муттаҳид хостори 10,3 миллиард ёрии башарӣ барои мубораза бо КОВИД - 19

Созмони Милали Муттаҳид хостори ҷамъоварии 10,3 миллиард доллар барои мубориза бо коронавирусн КОВИД-19 дар саросари олам шуд. Ин бузургтарин даъвати ёрии башарӣ аз кишваҳои сарватманд дар ҷаҳон аст. Дар гузориши ин созмон омадааст, ки эҳтимол дорад то охири соли равон бар асари пандемияи КОВИД-19 дар ҷаҳон 265 миллион нафар дучори гуруснагӣ шаванд.

СММ мегӯяд ин пулҳои дархостшуда ба мамолике дода хоҳанд шуд, ки сатҳи пасти даромад доранд. Аз сӯи дигар СММ ҳушдор дод, ки амал накардан метавонад чанд даҳсола кишварҳоро аз рушду тавсеа боздорад. Моҳи апрели соли равон СММ аз кишвраҳои сарватманди ҷаҳон барои ин мақсадҳо 2 миллиард доллар талаб карда буд. 

Коршиносон мегӯянд дар таърихи чанд даҳсолаи худ СММ ин миқдор пул дахрхост накардааст ва ин як рақами рекордӣ ба ҳисоб меравад. Вале ин созмон дар шарҳи талаби худ менависад, ки кишварҳои санъативу пешрафта ва мутараққии олам барои ҳифозат аз иқтисоди худ ҳама мулоҳизоти собиқро канор гузоштаанд ва ҳоло бояд ҳамин корро барои кишварҳои фақир анҷом диҳанд.

СММ ҳушдор ҳам додааст, ки агар ин кумак фароҳам нашавад, ҷаҳон ба як ришта буҳронҳо, аз ҷумла гуруснагии миллионҳо нафар рӯ ба рӯ хоҳад шуд. 

 Миллионҳо коргарони муҳоҷир дар ақсои олам бар асари эълони карантин наметавонанд ба хонаводаҳои худ пул фиристанд, барномаҳои обилакӯбии бемориҳои бачагона комилан боздошта шудаанд, кишвраҳое, ки солҳои муқовиматҳои низомиро пушти сар кардаанд, дар мубориза бо КОВИД-19 ночор мондаанд,- омадааст дар бахши дигари муроҷиати СММ.