Оташи гази табиӣ то 55 дарсад бадани як ноболиғро дар ноҳияи Ҳисор сӯзонд. Чаро волидон ба ин ҳад бепарвоянд?
Чоп шуд: 15/07/2020 | redaktorДухтари 14-сола аз деҳаи Обшорони ноҳияи Ҳисор ҳангоми оташ гирондани балони гази табиӣ бадани худро сӯзонд. Ин амал аз беэҳтиётӣ сар садааст ва ҷараёни ҳодиса маълум нест.
Ноболиғро фавран ба бемористон бурданд ва баъди муоина духтурон гуфтанд, ки 50-55 дарсади ҳиссаи баданаш сӯхтааст. Ҳоло ӯ дар беморхонаи рақами 3 шаҳри Душанбе бистарист.