Боз ҳам аз беэҳтиётӣ ду навраси 12-сола дар об ғарқ шуданд. Сокинон ҳардуро наҷот доданд, яке дар роҳ ба бемористон фавтид, дуюмӣ ҳоло бистарист.
Ин ҳодиса рӯзи гузашта, 14-уми июл дар ҳавзе воқеъ дар деҳаи Пайшанбеободи ноҳияи Ванҷ рух дод. Наврасони 12-сол, ки бе роҳбаладии калонсолон дар ҳавз машғули оббозӣ буданд, ногаҳон ғарқ шуданд. Аҳолии деҳа сари вақт ба ёрӣ расиданд, ҳардуро зинда аз об берун оварданд ва ба бемористони ноҳиявӣ интиқол доданд. Яке то расидан ба бемористон ҷон дод, дуюмӣ ҳоло муолиҷа мешавад.
Зарфи 6 моҳи сипаришуда дар Тоҷикитсон 34 нафар ҳангоми оббозӣ дар нукоти мухталифи кишвар ғарқи об шуданд, ки 10 нафари онҳо аз 4 то 16 сол дошанд.
ДАР ИН БОРА БОЗ ЧИРО МЕТАВОН ХОНД?
-
Як ҷавони 26-сола дар оби канали Чузии ноҳияи Шаҳринав ғарқ шудааст
-
ҲУШДОР: Наврасони ғарқи об, худкушии ноболиғон. Ба ин ҳама кӣ посух хоҳад дод?
-
Ҷаҳиши маргбор: Чаро ҷавони 25-сола дар оби дарёи Варзоб ғарқ шуд?
-
Ғарқи об шудани як марди 63-сола, харобкории борону жола ва шамол
-
Ду ғарқшудаи фавтида. Чаро мо ин қадар беэҳтиёт шудаем?
-
Қасди худкушии як зан дар Душанбе. Ноболиғи ғарқшуда дар Норак ва муштзании фоҷеабори ду ҷавон дар Душанбе
-
Муноқишаи марговар. Ҷасади ҷавони ғарқшуда дар канали НОБ-и Варзоб пайдо шуд
-
Ҷасади як ноболиғи дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ ғарқшуда дар ноҳияи Шаҳритус пайдо шуд
-
Чаро мо ҳамеша тифлонро беназорат мегузорем?
-
Наҷоти се ғарқшуда дар “Баҳри Тоҷик”, марги як нафар дар дарёи Кофарниҳон