Хуффош, панголин, бозори Вуҳон? Далеле нест. Изи коронавирус гум мешавад
Чоп шуд: 29/07/2020 | redaktorДу ҳафта қабл Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки дар наздиктарин фурсат гурӯҳе аз коршиносон ба Чин мераванд, то ба донишмандони ин кишвар ёрӣ расонанд, ки манбаъи табиии коронавируси навро, ки то кунун сабабгори бештар аз 580 ҳазор марг шудааст, муайян созанд. Ин созмон мегӯяд тасмими гирифташуда ҳаргиз ба он маъно нест, ки гунаҳгорони ҳамагирии ҷаҳонӣ ошкор шавад.