Ду ҳафта қабл Созмони ҷаҳонии тандурустӣ эълон кард, ки дар наздиктарин фурсат гурӯҳе аз коршиносон ба Чин мераванд, то ба донишмандони ин кишвар ёрӣ расонанд, ки манбаъи табиии коронавируси навро, ки то кунун сабабгори бештар аз 580 ҳазор марг шудааст, муайян созанд. Ин созмон мегӯяд тасмими гирифташуда ҳаргиз ба он маъно нест, ки гунаҳгорони ҳамагирии ҷаҳонӣ ошкор шавад. Ҳадафи ин экспедитсия то ҳадде амалгароёна аст: Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чун аксари созмонҳои байналмилалии дигар намехоҳад ин рӯйдод дар шакли дигар такрор шавад.
Соли 2004 ба олимон муяссар шуда буд, ки аз такрори пандемияи SARS пешгирӣ кунанд, зеро баъди аввалин ҳамагирӣ ба онҳо муяссар шуда буд, ки аслу насаби инфексияро муайян кунанд ва баъди он ки вирус дубора ба одамон сироят кард, онро ба осонӣ ва хеле сода аз байн бурданд.
Ҳоло донишмандон талош доранд аз ҳамон таҷриба кор гиранд, ҳарчанд онҳо хуб медонанд, ки ин бор ба вируси комилан дигаре сару кор доранд, ки ба як мушкилоти саргиҷкунанда табдил шудааст ва аллакай пайшиносону муҳаққиқонашро ба як кӯчаи сарбастаи саропо аз суолҳои беҷавоб ворид кардааст.
Сарфи назар аз монандиҳои ду вирус SARS-CoV-2 нисбатан устувору нерӯманд ва дандоншикан омад ва нисбат ба пешгузаштагонаш муаммои омӯхтани он бештар аст. Ҳар қадар ба суолҳое посухҳо пайдо мешаванд, вале боз суолоти нав аз он сар берун мекнунад.
Аммо таҷрибаи пандемияҳои гузашта олимонро роҳбаладӣ мекунад ва онҳо ҳоло медонанд корро дар кадом самт ҷоннок кунанд. Ва худи вирусро ҳам, ки ним сол пеш ҳатто ном надошт, хеле омӯхтааанд. Вале ҳамоно барои комёбиву пирӯзӣ бар он асоси илмии кофӣ дар ихтиёр нест.
"Ҷойе мехоҳам равам, аммо намедонам куҷо равам”
Барои роҳ надодан ба эпидемияи нав олимон бояд ба ду пурсиш посухи қотеъ дошта бошанд. Аввалан, ин вирус аслан маҳз аз куҷо ва аз кадом сарчашмаи табиӣ зоҳир шуд. Одитар агар гӯем, посух ба ин суол бояд пайдо шавад, ки дар табиати зинда кадоме аз ҳайвонҳо ин вирусро доранд ва эҳтимоли авҷи дубора то куҷо мушкилофар хоҳад буд.
Дуюм, ин вирус, ки то ҳамин наздикиҳо дар олами ҳавонот сайр мекард, чӣ гуна ба инсон ворид шуд, омилҳои ин гузариши муаммобарангез кадомҳоянд. Самар Меҳта, яке аз коршиносони аршади озмоишгоҳи биологии биологии Sabeti Lab дар назди донишгоҳи Ҳарвард мегӯяд: “Гап сари он ки вақте чунин як вирус аз одам ба одам мегузарад, ин фаҳмост: системаи сироятпазирии мо якхела, анатомияи ҳамсон дорем ва генҳои мо низ хеле ба ҳам шабоҳат доранд. Аммо барои он ки ба инсон аз ҳайвон гузарад, вирус бояд аз як “монеъаи эволютсионӣ” убур кунад, яъне бояд хеле ва хеле тағйир кунад. Ин аст, ки ин гуна ҳолат хеле кам иттифоқ меуфтад”.
Зарфи даҳсолаҳои охир олимони ин озмоишгоҳ рамзи генетикии чандин патогенҳои хатарнок, аз ҷумла вируси Зика ва Эболаро боз кардаанд. Дар натиҷа ба донишмандон муяссар гардид, ки амалан ин ду вирусро аз инкишову густариш боздоранд. Ҳоло агар рафту дар ҷойе ин ду вирус аз вуҷуди худ хабар диҳанд ва ё авҷи онҳо ҳисс шавад, басо зуд ва осон ин шуъла хомӯш карда мешавад ва имкон намедиҳанд, ки ба пандемияи саросарӣ расанд.
"Ҳар вирус геноми худро дорад, ДНК ва РНКи он махсус аст. Он дар ҳақиқат беназир, ба ҳадде, ки онро метавон танҳо бо изи агушт монанд кард”,- мефаҳмонад доктор Меҳта ва идома медиҳад: - Ҳангоми ҳар сироят геноми вирус каме тағйир меёбад. Албатта, хеле кам, аммо имконе вуҷуд дорад, ки робитаи ду сироятро пай баред. Ва агар изи ангуштони ман ва ангуштони бародари ман умумияте надоранд ва ё ин умумияту шабеҳият мушоҳида намешавад, аммо вируси ман ва вируси ҳамсояи ман комилан шабеҳ ва мутобиқ ба ҳаманд”.
ГЕНОМ ЧИСТ?
Геноми SARC-CoV-2 – ин пайдарҳамии дарози РНК аст, ки аз 30 ҳазор ҳарф (нуклеотидҳо) иборат мебошад, ки бо як низоми муайян пайи ҳам равонанд. Ин ба он маъност, ки ҳангоми васлу пайванд кардани ҳар нусхаи нав вирус бо тасодуфан иваз кардани як ҳарф ба ҳарфи дигар 30 ҳазор имконияти иштибоҳ дорад. Агар ин гуна иштибоҳ рух додаву, вале вирус қобилияти афзоишро аз даст надода бошад, пайдарҳамии нави РНК аз сари нав сурат гиифтан мегирад, то даме, ки ҳангоми васл намудан дар ин ё он макон ба иштибоҳ роҳ надиҳад.
Аз ҳамин ҳисоб генетикҳо метавонанд басо дақиқ ҳалқаеро, ки инфексия интиқол ёфтааст, муайян намоянд, ки кадом бемор бемори дигарро сироят кард ва чӣ гуна. Ва ба ин минвол метавон шахси аввали сироятшуда ба ин вирусро пайдо кард. Ва чун он пайдо шуд, метавон ҳайвонеро ҳам ёфт, ки бемор аз он сироят шудааст.
Умедҳои бузург
Донишмандони Чин ҳам вақте дар Вуҳон авҷи бемориро диданд, маҳз бо ҳамин пойроҳаи таҳқиқ равон шуданд. Онҳо аз ҳамаи беморони сироятшудаи он рӯзҳо намунаи маводи генетикиро ҷамъоварӣ карданд, ташхис карданд, рамзкушоӣ карданд, ба ҳамдигар қиёс намуданд ва ҳамзамон геномҳои гуногуни вирусиро ошкор сохтанд. Дар натиҷа як занҷираи дарози роҳи сирояти вирус ба даст омад. “Ин ба истилоҳ дарахти филогенетикии вирус аст. Он нишон медиҳад, ки ба кадом тартиб тағйиротҳои асосӣ рух додаанд”, - мегӯяд Алина Чан, профессори Институти Броуд.
"Дар ҷадвал дида мешавад, ки чӣ гуна аз як вариатсияи геном дигараш ҷудо мешавад ва баъдан аз он шохаи нав сабз мешавад ва ҳамин гуна идома мекунад. Амалан ин эволютсияи ба чашм аёни тасвири вирус мебошад”, - мегяд ӯ.
Профессор Чан – яке аз муаллифони мақолаи ҳангомабарангез дар бораи аслу насаби SARS-CoV-2 мебошад, ки дар он гуфта мешуд коронавируси нав ба инсон хеле зуд ва хуб сироят мекунад ва аз одам ба одам мегузарад. Пас маълум мешавад, ки агар дар олами вуҳуш пайвандони ба ин вирус наздик аз худ дарак бииҳанд, пас ин ҳамагирӣ охирин нест. Ба ақидаи ӯ ин комилан истисно нест. Вирус маҳз аз куҷо сар берун овард, мо ҳоло дақиқан чизе намедонем. Генетикҳо натавонистанд сари ҳалқаи сирояти вирус дар Вуҳонро пайдо кунанд. Маълум гардид, ки ин гуна “нуқтаҳои ибтидоӣ”-е, ки миёни худ иртиботе надоранд, на як, балки панҷтоянд.
Робитаҳои хешӣ
Сарфи назар аз он ки бемори сифр (анг. Index case - ба нахустин инсони беморе гуфта мешавад, ки ба бемории вирусӣ ё микробӣ олуда шудааст) пайдо нашуд, олимон умедворанд дер ё зуд манбаи табиии онро бо усулҳои дигар кашф хоҳанд кард. Аввали январи соли равон вақте олимони чинӣ кислотаи рибонукленати барангезандаи бемории навро ошкор карданд (замоне, ки он ҳанӯз ҳатто ном надошт) ва натиҷаи ҳосилшударо бо маълумотҳои бойгонӣ муқоиса карданд, 80% он бо геноми SARS – ҳамон вирусе, ки солҳои 2002 – 2004 ду маротиба боиси авҷи “илтиҳоби ғайриодӣ” шуда буд, шабеҳ аст.
Чин панголинро аз феҳристи доруҳои суннатӣ хориҷ кард. Оё ин ҳайвон низ интиқолдиҳандаи вируси корона буд?
Ним сол лозим шуд, ки сарчашмаи SARS-и аввалро пайдо кунанд, мегӯяд Алина Чан. Ҳамин гуна он замон ҳам ба оҳистагӣ ба аввалин сироятшудагон ба ин вирус расиданд, яъне онҳоро пайдо карданд ва баъди суҳбатҳо маълум шуд, ки чанде аз онҳо дар ҳамон рӯзҳо ба ҳамон бозори маҳаллие, ки ҳайвоноти ваҳшӣ савдо мешуд, рафта буданд. Ин ба донишмандон имкон дод дақиқ кунанд, ки бидуни шак манбаъи сироят дар ҳамин бозор аст.
Забоди ҳимолоӣ
Чанд моҳ лозим шуд, то ташхису таҳлилҳо дар бозор ба анҷом расанд. Геншиносонро лозим омад кулли ҳайвоноте, ки дар ин бозор тиҷорат мешуд, аз назар гузаронанд. Моҳи майи соли 2003 талоши онҳо бо муваффақият анҷомид: вируси мувофиқ дар бадани забоди ҳимолойӣ (навъи пистондори гурбамонанд, ки аз халтае дар зери шикамаш модаи хушбӯ ба даст меояд) пайдо шуд.
“Вақте охири соли 2003 SARS бори дуюм хуруҷ кард, олимон аллакай медонистанд сарчашмаи онро дар куҷо ҷӯянд, мегӯяд профессор Чан. Вақте фаҳмиданд, ки яке аз аввалин сироятшуда пешхизмат кор мекард, вирусшиносон ба тарабхонае, ки ӯ кор мекард, равона шуданд. Он ҷо онҳо ҳамон забодро диданд ва ташхис карданд. Вирус дар бадани он кашф шуд”. Дар натиҷа санҷишу таҳлил зарфи чанд ҳафта пурра ба анҷом расид ва аз пандемияи саросарӣ пешгирӣ карда шуд.
"Таҳлили генетикие, ки баъдан гузаронида шуд, нишон дод, ки авҷи дуюм асари авҷи аввали ин беморӣ набуд. Дар ҳақиқад дар муддати бештар аз як сол вирус камаш ду маротиба аз монеъаҳои байни намудҳои гуногун гузаштааст”, - мефаҳмонад Алина Чан.
Изи дурӯғин
Молфурӯшии Вуҳон
Вақте олимон донистанд, ки коронавируси вуҳонӣ хешованди наздики SARS мебошад, ба хулосае омаданд, ки сарчашмаи онро низ мебояд дар бозори ҳайвонот ҷуст. Аммо ин бор кадом ҳайвонро бояд ташхис кард? Наход боз ҳам забодро?
Хешованди наздики генетикии SARS-CoV-2 – ро дар ҳамон манбаи маълумот пайдо карданд ва он вируси RATG13 буд, ки соли 2013 дар хуффошҳо дар вилояти Юннан пайдо шуда буд. Геноми ин ду вирус 96,2 дарсад ба ҳам мутобиқ буд. Олимон барои кашфиёти тоза зиёд интизор нашуданд. Ҳанӯз соли 2007 шарҳи корҳои илмӣ нашр шуда буд, ки дар он гуфта мешуд, ки дар табиат “зарфи” доимии вирусҳо вуҷуд дорад, ки ба вирусҳои SARS шабеҳанд ва беш аз дигар ҳайвонҳо онҳоро хуффошҳо интиқол медиҳанд. Муаллифони ин мақола огоҳ карда буданд: эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки вирус ба ҳаёти одамон хатар меорад ва аз ҳоло барои муқобила бо эпидемияи нав омода бояд шуд.
Аммо ин бор кор дар бозори Вуҳон боздошта шуд. Генетикҳо аз он шигифтзада буданд, ки ҳама намунаҳои дар бозори ҳайвонот пайдошуда хешони дури короновируси нав буданд, он чизе ки шаш сол пеш пайдо шуда буд, ҳоло мавҷуд набуд.
Пандемия чист?
Баъдтар боз як тафсилоти ногаҳонии нав ошкор шуд: аз панҷ бемори аввал сироятшуда танҳо як нафари онҳоро тавонистанд алоқаманд бо бозори ҳайвоноти Вуҳон донанд. Яъне чор тани дигар иртиботе ба ин бозор надоштанд, яъне вирус ба онҳо дар ҷойи дигар сироят кардааст ва шояд дар ҷойҳои гуногун. Хулоса, тахмини асосии олимон дар бораи насаби вирус тасдиқ нашуд. Изе, ки ба бозор мебурд, дурӯғин буд.
"Мушкилот бо Covid-19 маҳз дар он аст, ки мо то ба ҳол дар бадани ягон ҷонвар вируси шабеҳ ба SARS-CoV-2-ро пайдо накардаем, ки бигӯем одамон аз ҳамин ҳайвон сироят шудаанд. Баръакс буд: ҳамаи ҳайвонҳое, ки дар баданашон вируси SARS-CoV-2 ошкор гардид, аз одамон сироят шуда буданд”, - гуфт Чанн.
Дурагаи ҳайратангез
Бино ба ҳамаи нуқтаю назарҳои қаблӣ дар бозори ҳайвоноти Вуҳон ҳамагӣ як ҳодисаи сирояти саросарӣ ба вируси нав ба қайд гирифта шуд. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки ин вирус чӣ гуна ба ин бозор ворид шуд, то ин замон куҷо буд ва чӣ гуна муддати дурудароз пинҳон монд? Ин суолҳо муаммое ҳастанд, ки касе то ҳол наметавонад посух ёбад.
Олимон аз Коллеҷи донишгоҳии Лондон ҳисоб кардаанд: барои он ки геноми SARS-CoV-2 ва хеши наздики вай RATG13 аз пешинаи умумии худ бо роҳи табиӣ ҷудо шаванд, тахминан 50 соли эволютсияи табиӣ лозим буд. Ба андешаи олимон ин номумкин аст. Эҳтимол меравад коронавирус ин бахши геноми худро дар табодул бо бахшҳои рибонукленат (РНК) бо дигар вирусҳо дар бадани ким-кадом хуҷаини мобайнӣ ба даст овардааст.
Навтаркибии гении ду вирус дар дохили як бадан – зуҳуроти хеле нодир аст, вале хуб омӯхта шудааст. Ба эҳтимоли зиёд аз ҳисоби ҳамин хориқа (феномен) он монеъаи байни намудҳои гуногунро тай кард ва SARS-и аввал бахше аз геноми худро аз вируси забоди ҳимолойӣ иқтибос кард.
Хуҷаини мобайнии SARS-CoV-2-ро муддати дароз панголин, ки пештар дар он вируси шабеҳ дида шуда буд, медонистанд.
Наметавон ин ҳама фарзияҳоро комилан як сӯ гузошт. Эҳтимол меравад бо гузашти замон донишмандон дар мавриди назарияҳои дигар ҳам изҳори ақида мекунанд. Бино ба гуфтаи Алина Чан дар бораи вируси нав танҳо як чизро метавон ба боварӣ гуфт: вай аз нигоҳи генетикӣ ба ҳадди аъло ба мутобиқ шудааст, ки хеле ба осонӣ аз инсоне ба инсони дигар мегузарад. “Аммо дар айни замон мо шаҳодати кофӣ ба фоидаи ягон сенарияи мутобиқ шудани SARS-CoV-2 дар даст надорем, - мегӯяд ӯ ва идома медиҳад: - Ва маълум нест, ки кай ин гуна шаҳодат ба даст меояд”.
Самар Меҳта ба ин бовар аст, ки дер ё зуд олимон ба суолоти зиёди худ посухҳои мушаххаси илмӣ пайдо мекунанд. Аз ҳама асосӣ набояд аз ҷустуҷӯву ковишҳо даст бардошт, дар акси ҳол такрори эпидемия ногузир аст.
Алина Чан низ ба ҳамин назар аст. Ӯ мегӯяд, ҳамаи иттилоот ва фарзияҳои нодуруст дар бораи насаби вирус кайҳо аз ҷониби донишмандон рад карда шудаанд, вале бисёриҳо онро ҳамоно ба фоидаи худ истифода мебаранд ва холи сиёсӣ ба даст меоранд.
"Донишмандони тамоми олам бо ҷидду ҷаҳд, бидуни оромиши хотиру хастагӣ талош доранд биология ва эпидемиологияи вирусро дарк кунанд, вариантҳои мухталифи табобат, воксанро пешниҳод намоянд. Дар маҷмӯъ онҳо ҳама корро мекунанд, то ояндаи ин вирусро пешгӯӣ кунанд, имкониятҳои густариши пандемияро бозгӯӣ кунанд ва билохира роҳи саркӯб кардани онро пайдо намоянд. То ба ин дам ягон вақте ҷомеаи илмӣ ба ин ҳад якпорча дар рӯ ба рӯ ба ин мушкили башарӣ набуд. “Вале масъалаи насаби ин вирус ба ҳадде сиёсӣ шуд, ки одамон дар бораи ҳадафҳои аслӣ фаромӯш карданд: посухи он дар навбати аввал барои он лозим аст, ки ба авҷи нави вирус роҳ дода нашавад”, -мегӯян профессор Чан.
Навиштаи Николай Воронин, ВВС
Тарҷумаи Б.Шафеъ