КҲФ:Ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти 9 моҳаи Кумита баргузор гардид

3 ноябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти нуҳмоҳаи Кумита баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа роҳбарият, сардорони сарраёсатҳо,  раёсату шуъбаҳои алоҳидаи дастгоҳи марказӣ, роҳбарони сохторҳои тобеи Кумита дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ (бо тарзи маҷозӣ) иштирок намуданд.

Ҷаласаро Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ифтитоҳ намуда, дар бораи натиҷаҳои фаъолияти нуҳмоҳа, ҳамчунин дастовардҳо ва масъалаҳои ҳалталаб дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода сухан ронданд.

  Раиси Кумита таъкид намуданд, ки барои таҳкими омодагии доимии ҳайати шахсӣ, беҳтар намудани кор бо аҳолӣ, такмили ҳамкориҳои байниидоравӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои техникӣ бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Сипас, муовини якуми Раиси Кумита, генерал-майор Латифзода Ҳотамшо бо гузориши муфассал баромад намуда, натиҷаҳои фаъолияти нуҳмоҳаи сохторҳои Кумита, иҷрои нақшаҳои корӣ ва тадбирҳои амалӣ дар самтҳои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, бартарафсозии оқибатҳои онҳо ва таъмини амнияти аҳолиро ҷамъбаст намуданд.

Дар идомаи ҷаласа муовинони Раис – генерал - майор Исозода С. ва генерал - майор Иброҳимзода И.,низ баромад намуда, оид ба самтҳои дахлдори фаъолияти хизматӣ, натиҷаҳои бадастомада ва вазифаҳои минбаъда маълумоти муфассал пешниҳод карданд. Онҳо инчунин як қатор пешниҳодҳои амалиро ҷиҳати беҳтарсозии фаъолияти дастгоҳҳои тобеъ, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон ва таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ манзур намуданд.

Дар анҷоми ҷамъомад таъкид гардид, ки роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумита минбаъд низ тамоми саъю кӯшишҳои худро барои таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи ҳаёт ва саломатии онҳо, инчунин пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода равона хоҳанд сохт.

барчасп: