КҲФ: Маросими тантанавии савгандёдкунии наваскарон бахшида ба Рӯзи Президент баргузор гардид
Чоп шуд: 17/11/2025 | redaktor
Дар Маркази таълимии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии савгандёдкунии наваскарон бахшида ба Рӯзи Президент бо иштироки роҳбарияти Кумита, афсарону ҳайати шахсӣ, волидони хизматчиёни ҷавон ва меҳмонон баргузор гардид.
Наваскароне, ки давраи омӯзиши омодагии ибтидоиро бомуваффақият паси сар намуданд, дар фазои тантанавӣ ва мутобиқ ба талаботи Оинномаҳои ҳарбӣ савганди ҳарбиро қироат карда, садоқати худро ба Ватан, Президент ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.

