Дар Маркази таълимии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии савгандёдкунии наваскарон бахшида ба Рӯзи Президент бо иштироки роҳбарияти Кумита, афсарону ҳайати шахсӣ, волидони хизматчиёни ҷавон ва меҳмонон баргузор гардид.
Наваскароне, ки давраи омӯзиши омодагии ибтидоиро бомуваффақият паси сар намуданд, дар фазои тантанавӣ ва мутобиқ ба талаботи Оинномаҳои ҳарбӣ савганди ҳарбиро қироат карда, садоқати худро ба Ватан, Президент ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд.
Дар оғози чорабинӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ баромад намуда, нақши муассир ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими иқтидори мудофиа, баланд бардоштани омодагии ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва рушди сохторҳои мудофиаи гражданӣ таъкид карданд.
Сипас падарону модарони наваскарон бо суханони самимӣ баромад намуда, аз эътимоди давлату Ҳукумат, дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти Кумита ва шароити мусоиди хизмат дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ карданд. Таъкид гардид, ки хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҳақиқии мардонагӣ, масъулият ва садоқат ба миллат аст.
Ҳамчунин, аз ҷониби худи наваскарон низ баромади ифтихорона садо дод. Хизматчии ҷавон аз номи ҳамсолони худ барои эътимод, барои дастгирӣ ва барои шароити мусоид изҳори сипос намуда, ваъда дод, ки ҳар яке аз онҳо савганди имрӯзаи додашударо бо эҳсоси масъулияти баланд иҷро хоҳанд кард.
Дар идомаи чорабинӣ ба наваскарон туҳфаҳои идона аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида шуд, ки ин иқдом ба наваскарон рӯҳбаландии бештар бахшид ва фазои тантанаро пуршукуҳтар намуд.
Дар поёни чорабинӣ, баҳри болидахотирии ҳозирин ва идомаи фазои тантана, ҳунармандон ва намояндагони бахши фарҳанги ноҳияи Шаҳринав барномаи фарҳангии худро манзур карданд, ки ба маросим рӯҳияи идона ва шукӯҳи хос бахшид.


