Оташи гази табиӣ то 55 дарсад бадани як ноболиғро дар ноҳияи Ҳисор сӯзонд. Чаро волидон ба ин ҳад бепарвоянд?

Духтари 14-сола аз деҳаи Обшорони ноҳияи Ҳисор ҳангоми оташ гирондани балони гази табиӣ бадани худро сӯзонд. Ин амал аз беэҳтиётӣ сар садааст ва ҷараёни ҳодиса маълум нест.

Ноболиғро фавран ба бемористон бурданд ва баъди муоина духтурон гуфтанд, ки 50-55 дарсади ҳиссаи баданаш сӯхтааст. Ҳоло ӯ дар беморхонаи рақами 3 шаҳри Душанбе бистарист.

Ин чорумин ноболиғи ҷабрдида дар ду рӯз аст, ки бар асари беэҳтиётӣ ва беназоратии волидон талхии ҳаёт мечашад. Субҳи имрӯз дар бораи дар оби ҳавз ғарқ шудани ду ноболиғ дар Ванҷ хабар чоп карда будем, ки сокинон якеро наҷот доданд, вале дуюмӣ дар роҳи бемористон фавтид.

Ҳамчунин Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд иттило дод, ки як писари 17-сола аз деҳаи Пушти Қурғони Панҷекат рӯзи 13 июли соли равон дар мавзеъи Обисанг чорво мечаронд, вале баногаҳ бедарак шуд. Рӯзи 14-уми июл ҷасади ӯ пайдо гардид ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.

Табибон баъди муоина маълум кардаанд, ки ин наврасро раъду барқ куштааст ва нишони ин ҳолат дар бадани ӯ аён буд.  

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон аз кулли волидон хоҳиш мекунад фарзандони худро беназорат нагузоранд. Корҳои хатарнокро ба ноболиғон насупоранд, онҳоро нагузоранд, ки ба танҳоӣ оббозӣ раванд ва ё кӯҳу дара.

 

ХАБАРҲОИ ҲАМСОН

барчасп: