Сарбозон сержант мешаванд, то дигаронро омӯзанд

Дар маркази таълимии қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади омӯзишӣ-методӣ оид ба омодасозӣ ба давраи нави омӯзишии ҳайати сержантҳо аз ҳисоби сарбозоне, ки ҳоло дар хизматанд, оғоз шуд. Хизматчиёни ҳарбӣ  омодагии умумиҳарбиро бо унсурҳои тайёрии махсус дар пойгоҳи маркази омӯзишӣ меомӯзанд.

Ин омӯзиш қарор аст дар ду марҳила анҷом шавад: Марҳилаи аввал назариявӣ буда, дар ин давра донишомӯзон рубтаи ҳарбӣ дарёфт мекунанд, малакаву маҳоратҳои худро такмил медиҳанд.

Марҳилаи дуввум амалӣ мебошад. Дар ҷараёни дарсҳои махус сарбозон принсипҳои кор дар идоари наҷотро тамрин мекунанд. Дарсҳои ҳуқуқӣ ва педагогӣ низ омӯхта мешаванд.

Хатмкунандагони мактаби сержантӣ барои омӯзиши мутахассисони хурд дар қисмҳои ҳарбии КҲФ ба вазифаи сержант таъин мешаванд.

барчасп: