Сафари кории Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба вилояти Суғд
Чоп шуд: 20/11/2023 | redaktor17 ноябри соли 2023 дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд вохӯрии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода бо ҳайати шахсии Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд, роҳбарони раёсат ва бахшҳои Раёсат воқеъ дар шаҳру навоҳии вилоят баргузор шуд. Сарвари Кумита ҳамчунин дар маросими бошукӯҳи савгандёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳӣ иштирок намуд.