Дар қисмҳои низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба қабули савганди ҳарбӣ аз ҷониби наваскарон чорабиниҳои тантанавӣ баргузор гардиданд.
То 5 декабри соли 2022 266 нафар наваскароне, ки барои адои хидмат ба қисмҳои ҳарбии КҲФ даъват шудаанд, савганди садоқат ба Ватан ёд карданд. Хидмат ба Ватан як вазифаи душвор, вале пуршараф аст. Ин мактаби матонату мардонагист, ки бояд ҳар ҷавон аз он гузарад.
Дар ҳамаи ин ҷамъомадҳои тантанавӣ сарварони Кумита ширкат ва суханронӣ карданд.
Чунончӣ, 5 декабри соли 2022 дар қисмҳои ҳарбии КҲФ воқеъ дар қаламрави ноҳияҳои Ҳмадонии вилояти Хатлон ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд маросими тантанавии савганди ҳарбии наваскарони даъвати тирамоҳӣ доир гардид.
Сарбозони ҷавон дар вазъияти ботантана дар назди афсарон ва ҳамсафону ҳамхидматони худ савганд ёд карданд, ки вазифаи пуршарафи худро шоиставу сазовр ба ҷо меоранд ва ҳамеша омодаи ҳифзи марзу бум, тамомияти арзии кишвари азиз ва таъмини амнияти шаҳрвандони он хоҳанд буд.
«Барои ман савганд ёд кардан як лаҳзаи хеле ҳаяҷоновар аст. Ман ҳамеша мехостам ба артиш равам. Ду ҳафтаи пурра моро бо нозукиҳои касби ҳарбӣ шинос карданд ва барои худам тасмим гирифтам, ки пас аз адои хидмати ҳарбӣ мехоҳам хидматро тибқи шартнома идома диҳам ”- гуфт Олим Саидов, яке аз наваскарон.
Пас аз адои савганд фармондеҳои қисмҳои ҳарбӣ, собиқадорони артиш суханронӣ намуда, наваскаронро ба ин рӯзи саид муборакбод карданд ва изҳори умед намуданд, ки онҳо ба савганди ёдкардаи худ то охир пойбанд мемонанд.
Маросими савганди ҳарбӣ бо сафороии тантанавии ҳайати низомӣ анҷом ёфт.