Суҳбат аз зуком ва дигар бемориҳои мавсимӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда
Чоп шуд: 23/12/2022 | redaktor23 декабри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили донишҳо оид ба бемориҳои мавсимӣ аз ҷумла: бемории шадиди роҳҳои нафас ва зуком ба ҳайати шахсӣ суҳбат гузаронида шуд. Муовини сардори Раёсати тиббии Кумита полковники хизмати тиббӣ Тоҳиров Ҳомидҷон дар бораи ин гуна бемориҳо маълумот дод.