Суҳбат аз зуком ва дигар бемориҳои мавсимӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

23 декабри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили донишҳо оид ба бемориҳои мавсимӣ аз ҷумла: бемории шадиди роҳҳои нафас ва зуком ба ҳайати шахсӣ суҳбат гузаронида шуд. Муовини сардори Раёсати тиббии Кумита полковники хизмати тиббӣ Тоҳиров Ҳомидҷон дар бораи ин гуна бемориҳо маълумот дод.

Вай аз ҷумла гуфт, ки дар шароити иқлими Тоҷикистон бештар вируси бемории зуком (намуди А ва В) (парагрипп, аденовирусҳо) ва риновирусҳо мушоҳида карда мешаванд. Сабабҳои асосии паҳншавии ин бемориҳо, аз як тараф гардиши табиии ин намуди вирус дар табиат бошад, аз тарафи дигар, риояи нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ аз тарафи аҳолӣ мебошад.

Номбурда ёдовар шуд, ки имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе бемориҳои сироятии шадиди роҳҳои нафас зиёд ба қайд гирифта шуда, он дар байни кўдакон, шахсони калонсол (аз 60 боло), занони ҳомила ва нафарони дорои бемориҳои музмин, ки иммунитети баданашон паст аст, зуд паҳн шуда, дар баъзе ҳолат вазнин мегузаранд.

Давраи ниҳоии ин бемориҳо аз 12 соат то 2-3 шабонарўз буда, аломатҳои асосии он ҳарорати баланд, дарди мушакҳо, сулфа, беҳолӣ ва бемадорӣ мебошад. Дар ҳолати вазнин ҷараён гирифтан ин беморӣ ба оризаҳои илтиҳоби шуш, илтиҳоби пардаи гўш низ оварда мерасонад,- илова кард.

Дар аксар маврид шаҳрвандон ҳангоми гирифтор шудан ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла зуком ба мутахассисон, хусусан табибони оилавӣ муроҷиат накарда, ба худтабобаткунӣ машғул мешаванд, ки ин ба оқибатҳои ногувор, яъне оризаҳои вазнин оварда мерасонад. Бинобар ин тавсия дода мешавад, ки дар баробари пайдо гардидани аломатҳои бемории зуком шаҳрвандон ҳатман ба табибони маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Манбаи асосии бемориҳои шадиди роҳҳои нафас шахси бемор маҳсуб шуда, роҳҳои гузариш ҳавогию қатрагӣ мебошанд. Шахси бемор вирусро ба муҳити атроф тавассути атса, сулфа, суханронӣ паҳн менамояд.

Ба андешаи табибон, яке аз роҳҳои пешгирии бемориҳои шадиди роҳҳои нафас - ин истифодаи ниқобҳои тиббӣ дар ҷойҳои серодам мебошад. Баъд аз истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ (автобус, троллейбус, микроавтобус) дар хона ва ҷои кор дастҳоро бо собун шустан лозим аст. Ҳавои ҳуҷраро иваз кардан ва фаршро бо латтаи намнок пок кардан муфид мебошад. Ҳарорати хонаро бояд муътадил нигоҳ дошт.

Бояд шахси бемор ҳангоми атса ва сулфа даҳонро бо рӯймолча ва ё оринҷ пӯшонад, зеро ин роҳ эҳтимоли паҳншавии бемориро пешгирӣ менамояд.

Ҳамчунин обутоб додани бадан дар пешгирии бемориҳо нақши муҳим мебозад. Сайругашт дар ҳавои тоза, хоби бароҳат, пӯшидани либосҳои гарм ва истироҳати бомеъёр эҳтимоли гирифторӣ ба бемориҳоро кам менамоянд. Барои баланд бардоштани масунияти бадан ҳар гуна афшура, мева ва сабзавоти тару тоза истеъмол намудан хуб аст.

барчасп: