Ду хабар аз рӯзи гузашта
Чоп шуд: 14/12/2022 | redaktor![](https://khf.tj/sites/default/files//styles/232_155/public/field/image/laruq9s-dpk.jpg?itok=jqmb2YKg)
Шабонарӯзи гузашта имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражднаии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба бо даъвати шаҳрвандон барои боз кардани дарҳои тасодуфан басташудаи онҳо ба кумак шитофтанд. Ин ду ҳодиса ҳам дар шаҳри Душанбе иттифоқ уфтодааст ва дар ду мавриди наҷотдиҳандагон аз Раёсати КҲФ дар пойтахти кишвар ба ёрӣ расиданд.