Activities calendar

07 декабря 2022

Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси сатҳи олӣ дар Тошканд дар масъалаи тағйири иқлим

Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Ҳотамшо Латифзода  дар конфронси сатҳи баланд оид ба тағйирёбии иқлим: «Аз донишҳои глобалӣ ба ҳалли маҳаллӣ: муассисаҳои ба иқлим тобовар дар Осиёи Марказӣ», ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ширкат намуд.

Заминларзаи шаби гузашта. Талафоти ҷониву хисороти дигар нест

Заминларза

Шаби гузашта, 6-уми декабр тахминан соати 21:03 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза  177 километр шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе, 53 клометр ҷанубу шарқ аз ноҳияи Рашт буд.

Бино ба гузориши расид қувваи заминларза дар маркази он 4 ва дар ноҳияи Рашт 2-3 балро ташкил дод.

Кӯҳпораи кандашуда дар гардиши Сафедорак бе талафоти ҷонӣ буд

Кӯҳпораи кандашуда

Бино ба гузориши бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб субҳи имрӯз, 7 декабр соати 07:32 дақиқа бо вақти маҳаллӣ  дар мавзеи Тагоб, гардиши Сафедораки ноҳияи Варзоб дар роҳи аҳмияти маҳалидошта кӯҳпора фаромад