Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Ҳотамшо Латифзода дар конфронси сатҳи баланд оид ба тағйирёбии иқлим: «Аз донишҳои глобалӣ ба ҳалли маҳаллӣ: муассисаҳои ба иқлим тобовар дар Осиёи Марказӣ», ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, ширкат намуд.
Муовини аввали раиси КҲФ Ҳотамшо Латифзода дар суханронии худ таъкид кард: «Мо дар давраи тағйирёбии иқлим зиндагӣ дорем, ки ба ҳама таъсир мерасонад. Тағйири иқлим ин таҳдид аст ва боз “суръатдиҳанда” барои ҳамкориҳои ҷаҳонӣ мебошад. Ин далел ба ваҳдати мардум ва ҳамкорӣ дар самти рушди устувори ҷаҳонӣ бо назардошти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидат мекунад».
Дар конфронс беш аз 140 намоянда аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд, ки дар суханрониҳои худ ба фаъол будан дар муколама оид ба таҳдидҳои иқлимӣ, инчунин муттаҳид кардани нерӯҳо барои ноил шудан ба тавозуни оқилонаи коҳиш додани тағирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он даъват карданд. Конфронс аз ҷониби Барномаи Рушди СММ, Иттиҳоди Аврупо ва ҳукумати Олмон (GIZ) ташкил ва гузаронида шуд.
Иҷлосияи аввали умумӣ ба тадбирҳои баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ бахшида шуд. Иштирокчиён дар бораи сиёсати иқлимии кишварҳои Осиёи Марказиро дар робита ба хатарҳои амниятии марбут ба тағирёбии иқлим изҳори назар намуданд.
Дар нишасти дуюми умумӣ оид ба робитаи «Об-энергетика-озуқаворӣ-тандурустӣ» барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди устувор, иштирокчиён доираи чорабиниҳоро оид ба татбиқи мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим ва чораҳои коҳиш додани хатарҳо ва баланд бардоштани устувории иқлим дар истифодаи об ва замин дар панҷ кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ карданд. Мавзӯи асосии ҷаласаи сеюми умумӣ шарикӣ ва табодули минтақавӣ тавассути ҷалби ҳукуматҳои миллӣ ва ниҳодҳои байниҳукуматии минтақавӣ ва платформаҳо дар минтақа буд.
Иштирокчиён зикр намуданд, ки бо назардошти хусусияти хатарҳои иқлимӣ ва захираҳои табиии муштарак, амал барои мубориза бо тағирёбии иқлимро метавон ҳамчун нуқтаи ибтидоии таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ арзёбӣ кард. Дар солҳои охир кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар самти мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим ва ноил шудан ба рушди сабз дар асоси сармояи табиӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд. Онҳо ба ташаббуси таъсиси ҳамкориҳои байнисоҳавӣ оид ба коҳиш додани тағирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ва устувории иқлим дар идоракунии захираҳои табиӣ пайвастанд ва он пуштибонӣ намуданд.