Ташаббуси Тоҷикистон. Соли ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо. Бахши дуюм
Чоп шуд: 26/12/2022 | redaktorҲамчуноне пештар ҳам иттилоъ дода будем, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст.