Ҳамчуноне пештар ҳам иттилоъ дода будем, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.
Мӯъҷизаи табиат. Пиряхи Федченко
Аз воқеъият набояд чашм пӯшид ва дар воқеъ пиряхи Федченко мӯъҷизаи беҳамтои табиат аст. Ин пирях як гӯшаи Тоҷикистони азизро афсонаосо оро додааст ва то кунун мавриди таваҷҷуҳи пажӯҳишгарони зиёде гаштаву шоҳиди корвонҳои азими гардишгарону кӯҳнавардон будааст.
Ин пиряхи афсонавӣ дар нишебии шарқии қаторакӯҳи Академияи илмҳои кишвар, дар сарзамини зебоманзари Помир ҷойгир шудааст. Он пайванди қаторакӯҳи Академияи илмҳо бо силсилакӯҳи Язғулом дар мавзеи қуллаи Инқилоб (6974 м.)-ро барои худ маскан интихоб кардааст. Вай аз баландиҳои 6200 то 6300 метр ғизо мегирад, доманаи худро васеъ мекунад. Забонаи он дар водии дарёи Селдара (шохоби Муксу) то баландии 2909 м. поин фаромадааст.
Пиряхе дар саҳифаҳои китоби „Рекордҳои замин”
Пиряхи Федченко на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон калонтарин пиряхест, ки дар водиҳои кӯҳӣ доман паҳн карданд ва он шомили китоби „Рекордҳои замин” шудааст. Дарози ин пирях 77 км., масоҳаташ 650 км², ғафсиаш 700-1000 метр буда, паҳнояш то ба 3-5 км². мерасад (ба ҳисоби миёна 1800 м.). Ҳаҷми умумияш ба 93,8 км³ баробар буда, дар он қариб 100 км³ об захира шудааст. Пиряхи Федченко қариб 50 шохоб дорад, калонтарини онҳо Бивачий, Наливкин, Витовский, Ҷамъияти Географӣ буда, дар баландии 2900 то 7480 м. аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд.
Руҷӯъ аз таърихи кашф то ба имрӯз
Аввалкошифи ин пиряхи бузург гардишгари рус В.Ф. Ошанин буд, ки соли 1876 кашф кард ва ба хотири дӯсташ А. П. Федченко, ки яке аз нахустин муҳаққиқони Осиёи Миёна мебошад, номгузорӣ намуд. Тобистони соли 1908 капитани рус Н. И. Косиненко ва ҳамкоронаш қариб нисфи масоҳати пиряхро омӯхтанд. Байни солҳои 1910 то 1926 дар омӯзиши ин пирях Н. Л. Корженевский саҳм гирифтааст. Таҳқиқи ҳамаҷонибаи пирях соли 1928 бо роҳбарии академик Н. П. Горбунов шуруъ гардид ва ҳамон сол аз тарафи И. Г. Дорофеев ба нақша гирифта, шохаҳои он низ муайян ва номгузорӣ шуданд. Бо иқдоми Н. П. Горбунов, дар канори пиряхи Федченко хонаҳои истиқоматӣ ва пойгоҳи обуҳавосанҷӣ дар баландии 4169 м. насб карда шуд ва 7-уми ноябри соли 1933 ба фаъолият оғоз намуд. Соли 1957-1959 дар пиряхи Федченко як гурӯҳи саднафараи мутахассисони дохилию байналмилалӣ муташаккил аз ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, Русия, Олмон ва ғайра корҳои илмиву таҳқиқотиро анҷом доданд. Соли 1983 дар таҷлили ним асри таъсис ва фаъолияти пойгоҳи обуҳавосанҷии пиряхи Федченко фотеҳони аввалини он бо мукофотҳои хотиравӣ қадршиноси гардиданд ва ба ин пойгоҳ номи Николай Петрович Горбунов гузошта шуд. Солҳои тӯлонӣ дар ин пойгоҳ 4-6 нафар ходимони ҷасур фаъолияти муҳим ва мушкилро ба уҳда доштанд.
Аммо ҷанги дохилӣ сабаб шуд, ки муддате ин пойгоҳ фаъолият накард. 12 сентябри соли 2003 дар ин майдон пойгоҳи автоматикии обуҳавосанҷии америкоӣ („Кембелл Сайн-тафик”) насб гардид. Ҳоло зарурияте пеш омадааст, ки ин пойгоҳ аз нав муҷаҳҳаз ва бо мутахассисон таъмин ва ба кори мунтазам шурӯъ намояд.
Аз мушоҳидаҳои бисёрсола маълум гаштааст, ки 70% бориш дар сатҳи пиряхи Федченко дар мавсими сарди сол (моҳҳои октябр-апрел) ба амал меомадааст ва он дар мавзеъҳои гуногун тафовут дорад. Байни моҳҳои октябр – март барф нисбатан баробар меборад, вале аз март то май якбора меафзояд. Дар саргаҳи пиряхи Федченко пӯшиши барф аз миёнаи моҳи сентябр, дар қисми мобайн аз миёнаи моҳи октябр ва дар қисмати поёнии пирях аз охири ноябр ва аввали декабр барқарор мегардад. Ғафсии ҳадди аксари барф баҳорон дар пиряхи Витовский ба 280–290 см. дар ағбаи Абдуқаҳҳор – 340–360 см. ва дар саргаҳи пирях ба 430–450 см. мерасад.
Ҳаҷми барфҳои сатҳи пирях соли 1959 720 миллион метри мукаабро ташкил дода буд. Соле дар сатҳи пирях ба ҳисоби миёна 1192 мм бориш мешавад. Ҳарорати минимуми мутлақи ҳаво – 16,1 дараҷаи селсия, давраи бесармо вуҷуд надорад, давомнокии нурафкании офтоб соле 2116 соатро ташкил медиҳад. Ҳарорати мусбати ҳаво ба моҳҳои тобистон рост омада, мутаносибан ба 3.0, 3.7, 0.2 градус селсияро ташкил медиҳад. Муайян карда шудааст, ки соли 1959 обшораи пирях – 54% ва обшораи барфии дарёи Селдара, ки аз пиряхи Федченко ибтидо меёбад, ба 46 % баробар буд. Аз маълумотҳои палеоглятсиологӣ (соҳае, ки яхҳои табииро меомӯзад) бармеояд, ки дар натиҷаи пайдоиши кӯҳҳои ҷадид дар нимаи дуюми плейстотсен пиряхи Федченко андозаи худро хеле васеъ намуда, саргаҳи водии дарёи Муксуро фаро гирифтааст. Дар ин марҳала дарозии танаи пирях ба 172 км., паҳноияш дар самти ҷабҳа (фронт) - 4 км., дар қисми миёна ба - 5 км. ва дар саргаҳи водӣ то 6 км. расида буд
Айни замон пиряхи Федченко соле бо суръати 10–16 м. хурд мешавад. Дар 10 соли охир ин пирях беш аз 1 км. кӯтоҳ ва сатҳаш беш аз 50 м. паст шудааст. Қариб ҳамаи шохаҳои пиряхи Федченко аз танаи асосӣ ҷудо шуда, мустақил гаштаанд. Ин вазъият аз таназзули умумии пирях башорат медиҳад. Аз ин хотир омӯзиши минбаъдаи пирях аҳамияти калони назариявӣ ва амалӣ дорад. Нақшагириҳои топографии солҳои 1945–1949, аксҳои кайҳонии соли 1985 ва 2002 ва муқоисаи байни онҳо нишон дод, ки пирях дар ҳоли хурд шудан аст.
Айни замон 11 шохаи пиряхи Федченко аз танаи асосии пирях ҷудо шуданд. Мушоҳидаи байни солҳои 1928 – 1968 собит намудаанд, ки пирях ба андозаи 460 м. коҳиш ёфтааст. Агар ин рақамро ҳамчун асоси боэътимод қабул намоем, он гоҳ пиряхи Федченко ба ҳисоби миёна соле ба андозаи миёна 10,4 м. кӯтоҳ шудааст. Агар ин раванд дар солҳои минбаъда давом ёфта бошад, пас соли 2005 ба андозаи 384,8 м. кӯтоҳ ва ё нисбат ба нишондиҳандаи аввала 844,8 м. коҳиш ёфтааст ва ин ҷараён дар замони мо идома дорад.
Суръати об шудани сатҳи пирях дар як шабонарӯз 3,5 – 6 см, дар як сол ба 2,5–3, 5 м баробар аст. Дар соли 1868 ва солҳои 1910 – 1913 пиряхи Федченко 800–1000 м ба пеш ҳаракат кардааст, яъне дарозиаш афзудааст. Аз солҳои 1954 то 1964 забонаи пирях зиёда аз 5580 м. кӯтоҳ ва ғафсии қисми поёнии он 10 м. паст шудааст.
Экспедитсияи илмие, ки хадамоти обуҳавосанҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2005–2006 баргузор намуда буд, доир ба як қатор пиряхҳои Тоҷикистон, аз ҷумла нисбат ба пиряхи Федченко, маълумотҳои нав ба даст овард. Маълум шуд, ки тӯли 26 сол (яъне байни солҳои 1980 - 2006) пирях 50 м. ва ё ба ҳисоби миёна соле 2 м. хурд шудааст.
Пиряхи Федченко на танҳо об мешавад, ҳамзамон аз ҷиҳати ҳаҷм “коҳиш” низ меёбад. Бино ба охирин оморе, ки дар суханронии Президенти Тоҷикистон дар дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки аввали моҳи марти соли 2021 дар низоми онлайн баргузор шуда буд, эълон шуд, фақат дар тӯли 70-80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст.
Торафт об шудану коҳиш ёфтани майдони пиряхи Федченко ба реҷаи гидрологии дарёи Вахш беасар намемонад, дар ҳоле ки кори муътадили НБО-ҳое, ки канори ин дарё сохта шудаанд, аз зиёдии об вобаста мебошанд. Лозим аст вазъи пиряхи Федченко зери назорати ҳамешагиву пурра бошад ва пайваста пажӯҳиш шавад ва натиҷаҳои ин пажӯҳишҳо ҷиддан омӯхта шаванд.
Поёни бахши дуюм