Бино ба гузориши бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб субҳи имрӯз, 7 декабр соати 07:32 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар мавзеи Тагоб, гардиши Сафедораки ноҳияи Варзоб дар роҳи аҳмияти маҳалидошта кӯҳпора фаромад.
Барои бартараф кардани пайёмадҳои ин ҳодиса техника ва кормандони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шуданд.
Дар натиҷаи ин ҳодиса ягон талафоти ҷониву хисорати дигар ба қайд гирифта нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи бориши барфу борони рӯзҳои гузашта ҳамоно дар роҳҳои кӯҳии кишвар хатари лағзиши тармаву резиши санг боқӣ мондааст.
Дар ҳамин иртибот бори дигар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад ҳангоми сафар ба минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёт кунанд.
Рафтан ба ҷамъоварии ҳезум ва шикору моҳидорӣ дар чуни рӯзҳо маслиҳат нест.