Ҳамчуноне пештар ҳам иттилоъ дода будем, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.
Ҳанӯз моҳи марти соли 2021 дар нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари афзудани истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо назардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз ба масъалаи мазкур дар сатҳи ҷаҳонӣ, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.
Боиси ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома, пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:
- Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
- Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
-Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;
- Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.
Қатъномаи номбурда аҳаммияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор қайд намудааст. Инчунин дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармои умумиҷаҳонӣ боиси қоҳиши густурдаи криосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиши норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст.
Чаро ин иқдом бояд як иқдоми зарурӣ ва дорои аҳаммияти умуиҷаҳонӣ шумарда шавад? Барои посух ба суол тасмим гирифем як силсила мақолотро доир ба ин мавзӯъ интишор диҳем ва бо мурур ба ҳоли имрӯзаи пиряхҳо дар ҷаҳон ва Тоҷикистон ҷавоби суолро ҳам дарёбем.
ПИРЯХ ЧИСТ?
ПИРЯХ — тӯдаи яхҳои табиии рӯйи Замин аст, ки ҳамеша дар ҳаракат буда, дар як шабонарӯз аз якчанд сантиметр то даҳҳо метр ҳаракат мекунанд. Пиряхҳо яке аз бойгариҳои беҳамто ва манбаи обҳои ширини оламанд.
Наздик ба даҳ дарсади хушкии Замин бо пиряхҳои бисёҳазорсола пӯшида шудааст. Ин пиряхҳо дар маҷмуъ 80% захираҳои оби ошомидании сайёраи моро ҳифз мекунанд. Нақши пиряхҳо дар таҳаввул ва пайдоишу рушди инсон хеле бузург аст. Илм мегӯяд зарфи 2 миллион соли ахир давраи яхбандӣ такони басо бузурге ба рушду тараққии приматҳо шуд. Ҳавои сард нахустинсонҳо (гоминидҳо)-ро водор кард барои зинда мондан дар ин гуна шароит мубориза барад. Аввалинсон маҷбур шуд пӯшонидани бадани худ, гарм кардани макони истиқоматӣ ва пайдо кардани ғизоро дар чунин як шароити сахту буҳронӣ биёмӯзад. Ҳамин давра ба муҳоҷирати одамони қадим ба Амрико, Ҷопон, Малайзия ва Австралия оғоз гардид.
Ях ва пирях дар манзумаи хуршедӣ зиёд вомехӯрад ва қариб дар ҳамаи сайёраҳои ин манзума мушоҳида шудааст. Масалан, даҳанаи Уторид ва Моҳ; дар шакли яхбастагӣ ва кулоҳакҳои қутбӣ дар Марс; дар маркази Муштарӣ, Зуҳал, Уран ва Нептун ва ғайра.
ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН
Теъдоди пиряхҳои Тоҷикистон дар оморҳои расмиву дар пажӯҳишҳои илмӣ 8492 адад навишта шуда, майдони умумии онҳо 8476,2 километри мураббаъро ташкил медиҳад ва қариб 6 % масоҳати ҷумҳуриро дарбар мегирад. Пиряхҳо асосан дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва кӯҳистони Ҳисору Олой воқеъ гардидаанд. Бештари пиряхҳо дар баландиҳои 3000-3500 ва ҳатто то 5300 м ҷой гирифтаанд. Дар пиряхҳои кишварамон 456,9 километри мукааб об захира шуда, соле онҳо ба дарёҳо 61,8 километри мукааб об медиҳанд, ки дар давоми 12 сол аз тамоми дарёҳои Осиёи Миёна ҷорӣ мегардад, баробар аст.
Се дарёи бузурги Тоҷикистон (Сир, Зарафшон ва Панҷ) ва чандин рӯдхонаҳои дигар аз пиряхҳо ибтидо мегиранд ва батадриҷ ба дарёҳои пурхурӯшу сероб табдил мешаванд.
Пиряхҳо дар ҳавзаҳои дарёҳо ба ин тартиб тақсим шудаанд. Чунончӣ:
- Муғсу – 1004 пирях,
- Бартанг - 269 пирях,
- Қизилсӯ (Шимолӣ) – 280 пирях,
- Ғунд – 1349 адад пирях,
- Мурғоб – 879 пирях,
- Зарафшон – 1227 адад пирях
- Ҳавзаи дарёи Хингов – 756 адад пирях мавҷуданд.
Калонтарин пиряхҳои Тоҷикистон инҳоянд:
- Федченко (651,7 км² , тӯлаш 77 км),
- Грумм Гржимайло (160 км² , тӯлаш 36,7 км),
- Бивачний (197 км² , тӯлаш 27, 8 км),
- Гармо (153 км² , тӯлаш 27,5 км),
- Савуқдараи Калон (69 км² , тӯлаш 25,2 км),
- Ҷамъияти Географӣ (81,8 км² , тӯлаш 21,5км),
- Гандо (55 км² , тӯлаш 22,5 км)
- Зарафшон (41 км² , тӯлаш 27 км)(1)
Поёни бахши аввал.