Швейтсария ва Италия хати марзии ду кишварро тағйир медиҳанд. Сабаб об шудани пиряхҳост

Швейтсария ва Итолиё маҷбур шуданд, ки қисмати марзи миёни ду кишварро дар кӯҳҳои Алп бикӯчонанд, зеро тағйироти иқлими ҷаҳонӣ боиси обшавии пиряхҳо ва тағйири шакли қаторкӯҳҳои ин минтақа шудааст. Бахше аз ин манотиқи аз тағйирот зарардида дар нишебиҳо ва дар доманаи Маттерхорн, яке аз куллахои баландтарини Аврупо, ки машҳуртарин осоишгоҳҳои лижаронӣ низ воқеъ шудааст, мегузарад.

Сарҳади ду кишварро асосан пуштаҳои яхпӯш ё манотиқи барфҳои обнашуда муайян мекунанд, аммо коҳиши шадиди ҳаҷми пиряхҳо дар чанд соли ахир боис шудааст, ки ин марзҳои табиӣ тағйир ёбанд. Дигаргуние, ки  ворид карда мешавад, тағйироти воқеии ҷуғрофиро, ки аллакай ба амал омадааст, инъикос мекунанд.

Лоиҳаи созишномаи дуҷониба дар бораи интиқоли сарҳад моҳи майи соли 2023 аз ҷониби гурӯҳи кории муштараки Швейтсария ва Итолиё таҳия шуда буд.

Швейтсария созишномаи тағйири сарҳадро ҳафтаи гузашта рӯзи ҷумъа расман тасдиқ кард. Италия то ҳол ин корро накардааст.

Тибқи маълумоти охирин, ки моҳи сентябри соли гузашта нашр шуда буд, пиряхҳои Швейтсария дар соли 2023 4% ҳаҷми худро аз даст додаанд. Ва ин ҳанӯз рақами рекордӣ нест: як сол пеш, дар соли 2022, ин пӯшиши яхӣ 6 дарсад ҳаҷми худро кам карда буд.

Шабакаи мониторинги пиряхҳои Швейтсария (Glamos) гузориши солонаро нашр мекунад, ки талафоти рекордиро ба тобистони тӯлонӣ ва гарми соли 2022 ва бо боришот (яъне барф) дар зимистони оянда марбут медонад.

Швейтсария рӯзи ҷумъа гуфт, ки таҷдиди сарҳад ба манофеи иқтисодии ҳарду кишвар аст, зеро ин иқдом ба онҳо кумак мекунад, то мувофиқа кунанд, ки кадоме аз онҳо барои нигоҳдории ҳар як минтақаи табиӣ масъул аст.

Соли гузашта Glamos ҳушдор дода буд, ки баъзе пиряхҳои Швейтсария чунон зуд об мешаванд, ки ҳатто агар болоравии ҳарорати ҷаҳонӣ дар ҳудуди 1,5С, ки дар созишномаи иқлимии Порис пешбинӣ шудааст, нигоҳ дошта шавад ҳам, онҳоро наҷот додан ғайриимкон аст.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки бидуни боздоштани партоби газҳои гулхонаӣ, пиряхҳои калон метавонанд дар давоми як насл комилан аз байн раванд.

Дар пиряхҳои Швейтсария, ки солҳои охир об мешаванд, бозьёфтҳои зиёде ба даст оварда шудаанд.

Моҳи июли соли гузашта озмоишҳо тасдиқ карданд, ки ҷасади одаме, ки дар наздикии Маттерхорн ёфт шуд, ба як кӯҳнаварди олмонӣ тааллуқ дорад, ки соли 1986 нопадид шуда буд. Кӯҳнавардоне, ки дар пиряхи Теодул сайру гашт мекарданд, пай бурданд, ки мӯзаҳои сайёҳӣ ва дигар абзори кӯҳгарде аз қабати яхи обшуда берун намудор мешавад. 

Дар соли 2022 дар пиряхи Алетч шикастапораҳои ҳавопаймое, ки соли 1968 дар он ҷо суқут карда буд, пайдо шуд.

Соли 2014 як халабони чархболи боркаш дар пирях нуқтаи аҷиберо аз боло мушоҳида кард. Баъдан дар ҳамон мавзеъ ҷасади кӯҳнаварди нопадидшудаи бритониёӣ Ҷонатан Конвилро пайдо карданд.

барчасп: