Activities calendar

19 октября 2024

Сокинони аз офат зарардидаи деҳаи Дашти Искодари ноҳияи Айнӣ соҳиби биноҳои нав шуданд

18 октябри соли 2024 маросими ба истифода додани хонаҳои сохташуда барои аҳолии деҳаи Дашти Искодари ноҳияи Айнии вилояти Суғд, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд, баргузор гардид. Дар маросими тантанавӣ сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд генерал-майор Ҷамшед Камолзода, сардори Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд полковник Додиён Б. ва наҷотдиҳандагони КҲФ дар ноҳияҳои минтақаи

Мулоқоти судманд дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

17 октябри соли 2024 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал полковники милитсия Рустам Назарзода муовини сардори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкориҳо хонум Франсис Вугтли ва Директори минтақавии Каритаси Швейтсария дар Тоҷикистон ҷаноби Шинан Кассамро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ рушди ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз офатҳои табиӣ, ташкили давраҳои омӯзишии такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон баррасӣ шуд.