КҲФ: Аз боронҳо ва омадани селҳо эҳтиёт кунед!
Чоп шуд: 25/10/2024 | adminКумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонон мерасонад, ки рӯзҳои 26-28 октябри соли 2024 дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид, бориши борон (дар баландиҳои беш аз 1800 метр аз сатҳи баҳр борон метавонад ба барф мубаддал шавад) дар назар дошта шудааст. 28 – уми октябри соли 2024 ...