Дар ҳудуди мамлакат заминларза ба қайд гирифта шуд
Чоп шуд: 12/10/2024 | adminМувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 11 октябри соли 2024 соати 18:21 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминларза дар 292 километри ҷанубу шарқӣ аз шаҳри Душанбе, ҳудуди Афғонистон буда, қувваи заминларза дар марказаш 4 балл, дар шаҳри Душанбе 2 баллро ташкил дод.
Дар натиҷаи заминларза ягон хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.