Ду заминларза дар як субҳ
Чоп шуд: 27/10/2024 | redaktorМувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи 27 октябри соли 2024, соати 04:15дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ҳолати заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминларзаи якум 197 километр шимолу-шарқӣ аз шаҳри Душанбе, 23 километр шимол аз ноҳияи Лахш буда, қувваи заминларза дар марказаш 3 балл ва дар ноҳияи Лахш 2-3 баллро ташкил додааст.