Activities calendar

01 октября 2024

Тӯфони “Ҳелен” 130 нафарро ҳалок ва 600 танро бенишон кард (ВИДЕО)

Тӯфони “Ҳелен” ба ҷанубу шарқи ИМАрасид ва харобиҳои зиёдеро ба бор овард. Расонаҳо ба нақл аз мақомоти расмӣ аз кушта шудани 130 нафар ва бенишон шудани беш аз 600 тани дигар хабар доданд. Аксари ин афрод дар Каролинаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ иқомат доштанд.

Аз ин пештар ин тӯфон дар Флорида вайрониҳои зиёд...

Швейтсария ва Италия хати марзии ду кишварро тағйир медиҳанд. Сабаб об шудани пиряхҳост

Швейтсария ва Итолиё маҷбур шуданд, ки қисмати марзи миёни ду кишварро дар кӯҳҳои Алп бикӯчонанд, зеро тағйироти иқлими ҷаҳонӣ боиси обшавии пиряхҳо ва тағйири шакли қаторкӯҳҳои ин минтақа шудааст. Бахше аз ин манотиқи аз тағйирот зарардида дар нишебиҳо ва дар доманаи Маттерхорн, яке аз куллахои баландтарини Аврупо, ки машҳуртарин осоишгоҳҳои лижаронӣ низ воқеъ шудааст, мегузарад.