Тӯфони “Ҳелен” ба ҷанубу шарқи ИМАрасид ва харобиҳои зиёдеро ба бор овард. Расонаҳо ба нақл аз мақомоти расмӣ аз кушта шудани 130 нафар ва бенишон шудани беш аз 600 тани дигар хабар доданд. Аксари ин афрод дар Каролинаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ иқомат доштанд.
Аз ин пештар ин тӯфон дар Флорида вайрониҳои зиёд ба ҷо гузошта буд. Баъдтар рӯ ба самти Ҷорҷания, ду Каролина ва иёлатҳои Теннеси ва Вирджония овард.
Мушовири президент Ҷо Байден дар умури амнияти дохилӣ Элизабет Шервуд-Рэндалл хабар дод, ки шумори қурбониён метавонад аз 600 нафар беш бошад, аммо ҳоло дар бораи омори дақиқ сухан гуфтан бармаҳал аст.
“Мо медонем, ки ҳаддиақал 600 нафар бенишон шудаанд ва ё онҳоро наметавонанд пайдо кард”, - гуфт ӯ.
Президени Бойден ваъда дод, ки ин ҳафта аз Каролинаи Шимолӣ дидан хоҳад кард, то харобиҳои тӯфон аз наздик шинос шавад ва барои рафъи паёмадҳои он тадбир андеша, Вай дар бораи вазъ навишт: “Ноҳияҳое дар ин офат зарари гӯшношунид дидаанд, одамон дар бораи пайвандонашон хабарҳо мунтазиранд. Онҳо намедонанд гумшудагон чӣ ҳол доранд, чун алоқа комилан вуҷуд надорад ва ҳама хатҳои иртиботӣ хароб шудаанд. Бисёриҳо ҳоло намедонанд ба ин наздикиҳо оё метавонанд ба хонаҳои худ баргарданд ё на”.
Кормандони наҷот талош доранд худро то деҳоти зарардида расонанд, аммо мушкил он аст, ки роҳҳо харобанд ва расидан то ба ин манотиқ душвор аст. Ин аст, ки тахмин меравад шумори ҳалокшудагон меафзояд.
Танҳо дар округи Банком, ки Ашвил маркази он аст, ҳаддиақал 30 нафар ҷон бохтаанд. Дар бораи ҳаёти беш аз ҳазор нафар сокинони ин мавзеъ хабаре нест.
Интизор меравад корҳои барқароркунии паёмадҳои харобиҳои ин тӯфон ба 95-110 миллиард доллар ниёз хоҳад дошт.
Созмони ҳавошиносии ИМА гуфтааст, ки эҳтимоли авҷи тӯфонҳои нав вуҷуд дорад, чун мавсими тӯфонҳо танҳо 30-уми ноябр ба анҷом мерасад.