КҲФ риояи қатъии қоидаҳои бехатариро тавсия медиҳад!
Чоп шуд: 28/10/2024 | adminКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои оянда дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон хатари омадани селҳо бар асари боронҳои пуршиддат боқӣ мемонад.