Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд рӯзи 28 октябри соли 2024 бо мақсади тарғибу ташвиқи васеи меъёрҳои Конститутсия, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Маркази таълимӣ-методии Раёсат бо иштироки мудири кафедраи назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Қодирзода Мирзоқодир Аюб вохурии судманд баргузор кард.
Вохуриро муовини сардори Раёсат подполковник Ҷамшед Кучаков ифтитоҳ намуд.
Дар рафти чорабинӣ дотсент Мирзоқодир Қодирзода доир ба эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, таърихи пайдоиши Конститутсия, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърузаи пурмуҳтаво кард.
Зикр шуд, ки Конститутсия қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқи кишвар, заминаи эҷод ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ, муайянкунандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва адолат мебошад.
Ҳамин аст, ки Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи башарӣ, 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи худро қабул намуд. Аз ҷониби дигар, ҳимояи ҳуқуқ ва озодии инсон яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рузҳои аввали ба даст овардани Истиқлол ҳуқуқ ва озодии инсонро маҳаки асосии пешрафти ҷомеа ва такомули низоми қонунгузорӣ ва идораи давлатӣ эътироф кард. Баробари қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон роҳи нави инкишофашро интихоб намуд. Конститутсияи Тоҷикистон моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд.
Дар Конститутсия меъёрҳои зиёде мавҷуд аст, ки дурнамо, равиши асосӣ ва стратегияи инкишофи қонунгузорӣ ва дар шакли умум, принсипҳои асосии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамоянд.
Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз қабули Конститутсия бо дарназардошти унсурҳои асосии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мустаҳкам гардид.
Ниҳоят бо ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ, Тоҷикистон роҳи мустақили давлатдории хешро муайян ва Конститутсияи худро чун дурнамои давлатдорӣ қабул намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи сокинони кишварро дурбинона дар нахустин баромадҳояшон муайян намуда, таъкид дошта буданд: “ Мақсади мо бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Ин мақсаду мароми аксарияти аҳолии ҷумҳурӣ мебошад. Ин роҳи мост ва ҳеҷ вақт аз ин роҳ намегардем”.
Мирзоқодир Қодирзода ҳамзамон таъкид намуд, ки мақсад аз баргузории чунин вохӯриҳо пеш аз ҳама фаҳмонидани моҳияти Конститутсия, аҳамияти дастовардҳои беназири кишвар баъди қабули ин санади сарнавиштсоз ба ҳайати шахсии Раёсат мебошад.
Д.Маликзода, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсат, подполковник