Семинари машваратӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи муштараки КҲФ ва БОР
Чоп шуд: 24/10/2024 | redaktorСеминари машваратӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи муштараки КҲФ ва БОР
24 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе семинари машваратӣ оид ба баланд бардоштани фаҳмиши хатарҳои офатҳои табиӣ дар доираи татбиқи минбаъдаи Лоиҳаи миллии идораи хавфи офатҳои табиӣ оғоз гардид.
Дар семинар кормандони КҲФ, Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, Академияи миллии илмҳои кишвар ва як қатор созмонҳои байналмилалии муқими кишвари мо иштирок доранд.