Семинари машваратӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи муштараки КҲФ ва БОР
24 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе семинари машваратӣ оид ба баланд бардоштани фаҳмиши хатарҳои офатҳои табиӣ дар доираи татбиқи минбаъдаи Лоиҳаи миллии идораи хавфи офатҳои табиӣ оғоз гардид.
Дар семинар кормандони КҲФ, Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, Академияи миллии илмҳои кишвар ва як қатор созмонҳои байналмилалии муқими кишвари мо иштирок доранд.
Семинар тавассути рӯнамоиҳо гузаронида мешавад. Дар ифтитоҳи семинар муовини раиси КҲФ генерал-майор Сулаймон Исозода ва иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Родора Консепсион суханронӣ намуданд.
Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ барои беҳтар кардани фаҳмиши хатари офатҳои табиӣ ва устуворӣ кӯмаки техникӣ таҳия кардааст. Оид ба стандартҳои зерсохтории тобоварӣ ба офатҳои табиӣ, аз қабили устувории биноҳои истиқоматӣ дар навоҳии минтақаи Рашт ҳангоми заминларза тадқиқот гузаронида шуд.
Дар доираи семинар «Харитаи роҳ» оид ба сохтмони манзил ва устувории онҳо ба офатҳои табиӣ қабул карда шуд.