Дар доираи лоиҳаи муштараки КҲФ ва Бонки Ҷаҳонӣ «Баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон» таҷҳизоти воқеияти маҷозӣ (таҷҳизоти VR) харидорӣ карда шуд.
Мақсади асосии харидории ин таҷҳизот гузаронидани омӯзиш барои наҷотдиҳандагони КҲФ, ки дар рафти корҳои наҷотдиҳӣ ва рафъи паёмадҳои ҳолатҳои фавқулодда мебошад.
Бо ин мақсад дар Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони КҲФ тамрини наҷотдиҳандагон идома дорад.
Дар рафти омӯзиш кормандони КҲФ бо истифода аз ин таҷҳизот тавонистанд дар муҳити маҷозӣ тақлид кардани ҳолатҳои фавқулодда, аз қабили сӯхтор, заминларза, обхезӣ ва ғайра омӯзиш биннад. Истифодаи воқеияти маҷозӣ ба иштирокчиён имкон дод, ки малакаҳои бехатариро амалӣ кунанд ва дар шароите, ки ба қадри имкон ба воқеӣ наздиканд, қарор қабул кунанд.
Ҳадафҳои асосии тамрин:
• баланд бардоштани омодагии кормандон барои вокуниши фаврӣ ба ҳолатҳои фавқулодда;
– татбиқи амалҳо оид ба эвакуатсия ва рафъи оқибатҳо дар ҳолатҳои фавқулодда;
• Ташаккул додани малакаҳои кори дастаҷамъона дар ҳолати стресс.
Машқ самаранокӣ ва иқтидори баланди воқеияти маҷозиро барои татбиқи минбаъда дар раванди омӯзиши кормандони КҲФ нишон дод. Иштирокчиён қайд карданд, ки чунин тамрин барои беҳтар фаҳмидани рафтор дар шароити шадид ва вокуниши муассир ба таҳдидҳо мусоидат мекунад.