Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми навбатдории шаби гузашта дари манзили як сокини шаҳри Душанберо боз карданд, ки соҳибаш натавонист боз кунад.
Даъвати кумак аз тариқи рақами ягонаи «112» расид ва як сокини кӯчаи Умари Хайём 11-и пойтахт хабар дод, ки қуфли дараш вайрон шудаву наметавонад ба хона ворид шавад. Ин хона дар ошёнаи сеюми бино воқеъ буд. Имдодгарон ба ҷойи ҳодиса расиданд ва дарвоқеъ диданд, ки дар бо калид боз намешавад. Ноилоҷ аз берун, аз тиреза вориди хона шуданд ва аз дохил дарро боз карданд.