Тамринҳо дар Шуғнон

Тайи се рӯз дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ санҷиши омодагии мудофиаи гражданӣ ва тамрини фармондеҳию ситодӣ оид ба рафти иҷрои Нақшаи асосии чорабиниҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи  граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 дар баробари ҳолатҳои фавқулоддаи эҳтимолӣ санҷида шуд.

Тамринҳои фармондеҳию ситодӣ бо ҷалби роҳбарияти ноҳия, комиссияҳо, қувваҳо ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ, зерсистемаҳои ҳудудии Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар се марҳила ташкил ва гузаронида шуд. 

Дар рафти ҳодисаҳои аз 22 то 25 августи соли 2024 ҳолати ҳуҷҷатгузории мудофиаи гражданӣ, омодагии Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи вилоят, ҷузъу томҳои наҷоти ғайриҳарбӣ ба эвакуатсия ва наҷоти одамон дар ҳолатҳои фавқулодда мавриди санҷиш қарор гирифт. 

Пас аз фаъол шудани системаи огоҳкунӣ, неруҳои хадамоти ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия ба ҷойи ҳодиса расиданд. Дар натиҷаи иқдомоти ҳамоҳанг ҳама бахшҳо вазифаҳои дар наздашон гузоштаро бо муваффақият анҷом доданд. 

Дар ин размоиш масоили марбут ба омодагии масъулин, фармондеҳӣ ва назорат баррасӣ шуд.

Ҳадаф аз баргузории ин машқҳо такмил ва санҷиши омодагии қувваҳо ва воситаҳое мебошад, ки бехатарии аҳолиро дар ҳолатҳои фавқулодда таъмин мекунанд.

Дар он усулҳои амали зерсистемаҳо дар ҳолатҳои фавқулодда, усулҳои эвакуатсияи аҳолӣ мавриди коркарду барарсӣ қарор гирифта, иштирокчиёни фаъоли машқҳои зерсистемаи ҳудудии Системаи ягонаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда бо Ифтихорномаҳои Раиси КҲФ ва туҳфаҳои хотиравии Раиси вилоят сарфароз гардонда шуданд. 

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи машқ бо муовинони роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони мансабдори ваколатдори ҳалли масъалаҳои мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи аҳолӣ дарсҳои таълимию методӣ гузаронида шуданд.