Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд рӯзи 26 – уми октябри соли 2024 дар заминаи ҶДММ «Хубҷамъ Инвест» машқи иншоотӣ дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва неруҳои ғайриҳарбии корҳона ҳангоми ба амал омадани садамаҳои истеҳсолӣ» ташкил ва гузаронид.
Ин тамрин рӯзи 26 октябр соати 10:00 дар саҳни анбори маҳсулоти тайёри ҶДММ «Хубҷамъ Инвест» бо иштироки кормандон, ҳайати роҳбарикунанда ва коргарону хидматчиён, неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ бо сафороии умумӣ оғоз гардид.
Баъд аз ҷамъомади умумӣ коргарону хидматчиён ба ҷойҳои кории худ сафарбар гардида, соати 10-15 дақиқа бонги хатар дода шуд. Бо шунидани бонги хатар коргарону хидматчиён, неруҳои ғайриҳарбии ҶДММ «Хубҷамъ Инвест» дар ҷои шартии бехавф саф оростанд.
Баъд аз шунидани гузоришҳои роҳбарони сехҳо оид ба баромадани коргарону хидматчиён ба ҷои бехатар ва гузоришҳои сарварони неруҳои ғайриҳарбӣ оид ба ҳолати омодагӣ, бо супориши роҳбари корхона корҳои садамавӣ-наҷот оғоз гардид.
Зимни гузаронидани машқ неруҳои ғайриҳарбии корхона чорабиниҳои амалии худро нишон доданд, аз ҷумла: хабардор намудани коргарону хидматчиёни корхона, муҳофизат намудани гирду атрофи бино ва дастгир намудани ғоратгарон, кофтукоб ва наҷот додани зарардидагон, расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба маҷруҳон, хомўш кардани сўхтор, безарар гардонидани ҳудуди корхона ва ғайра. Ҳамзамон дар гузаронидани машқ амалиёти гурӯҳи наҷоти Дастаи махсуси зудамали Раёсати вилоят оид ба поин овардани зарардидагон аз ошёнаи 2-уми бинои истеҳсолӣ, расонидани ёрии аввалини тиббӣ ва ба муассисаи тиббӣ равона намудани онҳо намоиш дода шуд.
Соати 11:00 таҳлил ва ҷамъбасти машқи иншоотӣ гузаронида шуда, иштирокчиёни фаъол ва командирони неруҳои ғайриҳарбӣ бо тўҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамагӣ ба машқи иншоотӣ 120 нафар ва 1 адад нақлиёти махсусгардонидашуда ҷалб карда шуд.
Д. Маликзода, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсатии КҲФ дар вилояти Суғд, подполковник.