КҲФ риояи қатъии қоидаҳои бехатариро тавсия медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои оянда дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон хатари омадани селҳо бар асари боронҳои пуршиддат боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайру гашт дар кӯҳҳо, шикор, чорвочаронӣ ва ҷамъоварии ҳезум худдорӣ намоянд.

КҲФ ҳамчунин аз сокинон хоҳиш мекунад дар истифода аз сбобҳои барқӣ ва ангишт вақти гарм кардани хонаҳо эҳтиёт кунанд ва аз хатари заҳролуд шудан бо гази карбон худдорӣ намоянд.

Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ, бахусус фосилаи байни мошинҳоро ҷиддан риоя кунанд. 

Дар ин рӯзҳо лозим меояд ба бачаҳо диққати ҷиддӣ дода шавад. Онҳоро набояд гузошт тани танҳо чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, ҷамъоварии зироати кишварзӣ ва ё моҳидорӣ раванд.

КҲФ ба хотири ҷилавгирӣ аз обхезӣ тавсия медиҳад, ки сокинон сари вақт ҷӯву заҳбурҳо ва каналҳои назди хонаҳои худро тоза кунанд.

КҲФ ҳамчунин тавсия медиҳад сокинон барномаи мобилии  «SOS»-ро дар телфонҳои мобилии худ пайваст кунанд. Ин барнома барои ҳама намуди плеймаркетҳо ва App Store барои iOS ройгон боргирӣ мешавад.

барчасп: