Ду заминларза дар як субҳ

Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон санаи 27 октябри соли 2024, соати 04:15дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ҳолати заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази заминларзаи якум 197 километр шимолу-шарқӣ аз шаҳри Душанбе, 23 километр шимол аз ноҳияи Лахш буда, қувваи заминларза дар марказаш 3 балл ва дар ноҳияи Лахш 2-3 баллро ташкил додааст.

Заминларзаи дуюм соати 07:20 дақиқа ба вақти маҳаллӣ рух дод. Маркази заминларза 288 километр ҷанубу-шарқӣ аз шаҳри Душанбе, 29 километр шимолу-шарқ аз шаҳри Хоруғ буда, қувваи заминларза дар марказаш 3-4 балл ва дар шаҳри Хоруғ 2-3баллро ташкил додааст. 

Тибқи маълумотҳои гирифташуда, дар натиҷаи заминларза хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

 

барчасп: