Сел шаби гузашта дар баъзе манотиқ ҳаракати нақлиётро номумкин кард  

Боронҳои шадид, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вуқуи он қаблан истинодан ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар дода буд, сабаби омадани сел дар баъзе манотиқ гардид. Ҳолатҳое ҳам ба қайд гирифта шуданд, ки ҳаракати нақлиётро дар роҳҳо ба мушкил рӯбарӯ кард.

Чунончӣ, 26 – уми октябри соли 2024, соати 03:00 баъди боронҳои шадид дар километри 301-уми шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ, ки аз ҳудуди деҳаи Хостави ноҳияи Дарвози ВМКБ мегузарад, сел омад ва роҳи мошингардро муваққатан баст. Вазорати наклиёти ҷумҳурӣ барои бартараф кардани паёмади нохуши сел техникаи махсус ҷудо кард ва ҳоло корҳо барои тоза кардани роҳ аз селовардаҳову сангу шағал идома дорад.

Соати 03:30 дар километри 288-уми шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ, ки аз ҳудуди шаҳраки Яхчипуни ноҳияи Шоҳини вилояти Хатлон мегузарад, бар асари боришоти шадиди борон сел омад. Бар асари ин ҳодиса ва сарозер шудани регу гил роҳ баста шуд. Барои анҷом додани корҳо ҷиҳати рафъи вазъи мавҷуда хадамоти роҳи ноҳия техникаи махсус ҷудо намуда, корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома дорад.

26 октябри соли 2024, соати 07:30 дар километри 1-уми шоҳроҳи Лаби Ҷар - маркази ноҳияи Сангвор сел ҳаракати нақлиётро дар минтақа номумкин кард. Дар айни замон бо истифода аз техникаи хадамоти роҳи ноҳия корҳои рафъи паёмадҳои сел идома доранд.

Ин офоти табиӣ талафоти ҷониву хисороти дигар надоштанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии ҷумҳурӣ ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки ҳавои номусоид то 28-уми октябр идома мекунад ва хатари омадани селҳо, ярч ва резиши санг дар роҳҳои манотиқи кӯҳӣ боқӣ мемонад.

барчасп: