Бахшида ба рӯзи ҷаҳонии хатари офатҳо дар Бохтар

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмиллалии “Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон” рӯзи 11 октябри соли 2024 дар майдони варзишии Донишгоҳи Давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо як силсила чорабиниҳо доир намуд.

Аз ҷумлаи ин тадорукот баргузории  викторинаҳо, озмуни расми беҳтарин, намоиши таҷҳизот ва техникаю механизмҳои махсуси наҷотдиҳии муосир, дастуру овезаҳо ва навиштаҷотҳои таълимӣ оид ба соҳаи ҳолатҳои фавқулодда буд.

Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат як намоиши амалии наҷоти ҷабрдидагон аз ҳолатҳои фавқулода нишон дода шуд. Рафти чорабинии мазкур аз тарафи шабакаҳои ТВ-Сафина, ТВ-Тоҷикистон ва ТВ-Хатлон наворбардорӣ карда шуда, роҳбарияти Раёсат ва намояндагони ташкилоти байналмиллалӣ иштирокчиёни фаъол ва ғолибони викторинаҳоро бо ифтихорнома ва тўфаҳои хотиравӣ  қадрдонӣ карданд.

Дар чорабинии мазкур омўзгорон, донишҷуёни Донишгоҳи Давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар ва хонандагони колеҷи тиббии шаҳри Бохтар, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №8, №9, №12 ва №13-и шаҳри Бохтар ва хидматчиёни ҳарбии Раёсат иштирок намуданд.

барчасп: