Дар ҳудуди мамлакат заминларза ба қайд гирифта шуд

Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 11 октябри соли 2024 соати 18:21 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази заминларза дар 292 километри ҷанубу шарқӣ аз шаҳри Душанбе,  ҳудуди Афғонистон буда, қувваи заминларза дар марказаш 4 балл, дар шаҳри Душанбе 2 баллро ташкил дод.

Дар натиҷаи заминларза ягон хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

барчасп: