Радиовикторина дар Радиои «Азия-Плюс»

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо баргузор мегарданд, идома доранд.

Чунончӣ, 11 октябри соли 2024 дар Радиои «Азия-Плюс» дар давоми ду соат муколама байни мутахассисони Кумита ва шунавандагони радио баргузор гардид, кормандони КҲФ ба суолҳои барандагони радио ва шунавандагони радио посух доданд.

Ёдоварӣ аз рафтори дуруст ва риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми офатҳои табиӣ, пешгирии онҳо – ин ва ғайра дар студияи Радиои «Азия-Плюс» мавриди суҳбат ва баҳсу баррасӣ қарор гирифт. 

Илова бар ин, бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ викторинаи радиоӣ гузаронида шуд. Ба шунавандагони радио дар мавзўи ҳолатҳои фавқулодда тариқи онлайн суолҳо ироа шуд. Зарфи як соат панҷ нафар ғолибон муайян карда шуданд, ки ба наздикӣ аз ҷониби Кумита ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда хоҳад шуд.

Дар анҷоми сӯҳбат кормандони КҲФ ба шунавандагони радио муроҷиат карданд: “Имрӯз дар студия мо бисёр масъалаҳои муҳими марбут ба бехатариро баррасӣ кардем ва ба суолҳои шумо посух додем. Хотиррасон менамоем, ки замимаи мобилии КҲФ «SOS»-ро истифода баред. Онро метавон дар ҳама намуди телефонҳои мобилӣ ройгон ворид кард.

Дониста бошед: БАХАТАРИИ ШУМО ТАНҲО ДАР ДАСТИ ХУДИ ШУМОСТ!!!      

           

барчасп: