Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонон мерасонад, ки рӯзҳои 26-28 октябри соли 2024 дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид, бориши борон (дар баландиҳои беш аз 1800 метр аз сатҳи баҳр борон метавонад ба барф мубаддал шавад) дар назар дошта шудааст. 28 – уми октябри соли 2024 ҳарорати ҳаво рӯзона то 8-10 дараҷа паст мешавад.
Рӯзҳои 26-27 октябри соли 2024 боронҳои пуршиддат метавонанд боиси болоравии сатҳи оби дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва рӯдхонаҳое гардад, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд. Рӯзҳои 26-28 октябри соли 2024 дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон хатари омадани сел меафзояд.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайру гашт дар кӯҳҳо, шикор, чорвочаронӣ ва ҷамъоварии ҳезум худдорӣ намоянд.
Дар ин рӯзҳо лозим меояд ба бачаҳо диққати ҷиддӣ дода шавад. Онҳоро набояд гузошт тани танҳо чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, ҷамъоварии зироати кишварзӣ ва ё моҳидорӣ раванд.
КҲФ ба хотири ҷилавгирӣ аз обхезӣ тавсия медиҳад, ки сокинон сари вақт ҷӯву заҳбурҳо ва каналҳои назди хонаҳои худро тоза кунанд.
КҲФ хотиррасон мекунад, ки дар ҳоли ба миён омадани ҳолати хатарнок ба рақами 112 ва ё телефонҳои қисми навбатдорӣ (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 муроҷиат кунанд.
Ҳамчунин аз замимаи мобилии «SOS» истифода кунед!